- Асосӣ
- Саволҳо
❓ FAQ
Саволҳои маъмул дар бораи курси Ширин
Саволҳоеро ҷамъ кардам, ки дар WhatsApp аз ҳама бештар мепурсанд. Агар саволи шумо нест — нависед, шахсан ҷавоб медиҳам.
Нарх, пардохт ва сабти ном
Курс чанд пул аст?
Курс дар Душанбе — 700 сомонӣ, ҳамаи маводҳо дохил. Нархи курсҳои онлайн — дар кортҳои саҳифаи курси онлайн; дастрасӣ бемӯҳлат.
Чӣ тавр пардохт кунам?
Офлайн — нақд ё бо интиқол дар рӯзи аввал. Онлайн — бо интиқол ба корт (Алиф, Эсхата, DC); пас аз пардохт чекро дар чати сайт ё WhatsApp мефиристед ва ҳамон рӯз пайванд ба дарсҳоро мегиред.
Ман аз Душанбе нестам. Чӣ тавр омӯзам?
Курси онлайн дар ҳар шаҳр кор мекунад: Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Истаравшан. Танҳо телефон ва интернет лозим аст.
Дар бораи таълим
Таҷриба лозим аст?
Не. Ҳар ду барнома аз сифр сар мешаванд: чӣ тавр баркашидан, шоколадро темперировать кардан, қаймоқро задан. Аксари шогирдон то курс ҳеҷ гоҳ напухта буданд.
Дастрасӣ ба курси онлайн чанд вақт аст?
Бемӯҳлат. Ҳангоми ба фармоиш пухтан дарсҳоро аз нав бинед.
Пас аз курс пул кор кардан мумкин?
Ҳа, бисёр хатмкунандагон аллакай пас аз як моҳ дар хона фармоиш мегиранд. Ман мегӯям, аз чӣ сар кунед ва арзиши аслиро чӣ тавр ҳисоб кунед.
Пас аз курс савол додан мумкин?
Ҳа. Шумо бо ман дар WhatsApp/Telegram дар тамос мемонед ва агар чизе нашавад, менависед.
Сертификат
Кадом сертификат дода мешавад?
Сертификати номии Shirin Sweets. Он давлатӣ нест, аммо гузаштани барномаи 20+ шириниро тасдиқ мекунад. Муфассал →
Ҷавоб наёфтед? Нависед
Дар ҳар мессенҷери барои шумо қулай нависед — дар давоми рӯз ҷавоб медиҳам.